Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе тадбирҳои тозакориву сабзухуррамгардонӣ бомаром идома дорад
Баҳри саҳм гузоштан дар ободониву кабудизоркунӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву роҳравҳои пойтахт ин ҳафта кормандони сохторҳои МИҲД-и пойтахт аз худ фаъолнокӣ нишон доданд. Ҳашари дастаҷамъона, аз ҷониби Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои мақомот ташкилу роҳандозӣ гардид.
Тавре масъулин мегӯянд, пайваста ҳашарҳои дастаҷамъиро ташкилу роҳандозӣ намуда, дар тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи коргоҳ ва кӯчаву роҳравҳо саҳм мегузоранд. Онҳо дар мавзеъҳои муайян корҳои тозакориро аз қабили рӯбучини гирду атроф, бартараф кардани алафҳои бегона ва нарм намудани бехи дарахтон ба роҳ монданд.
Тозагиву озодагӣ ва созандагиву ободкорӣ аз зумраи вазифаҳоест, ки бояд ҳар сокини пойтахт баҳри иҷрои он камари ҳиммат бандад. Аз ин рӯ, масъулин талош доранд, ки баҳри ободу зебо ва мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти кишвар ба меъёрҳои сатҳи баланд саҳми арзанда гузоранд.
Дар баробари тадбирҳои дигари ободонӣ, инчунин дар бинои Раёсати фарҳанг ва дигар сохторҳои шаҳрӣ корҳои таъмиру навсозӣ бо маром ҷараён дорад. Бинои номбурда пурра навсозӣ гарда, дар дохил ва беруни он корҳои ободонию сохтмонӣ дар сатҳти баланд ҷараён дорад. Масъулини шаҳрдорӣ ҳамарӯза мекӯшанд, ки пойтахт ва инфрасохтори онро ба шаҳру пойтахтҳои кишварҳои пешрафта мутобиқу мувофиқ созанд.
Ҳадафи баргузории шанбегии мазкур низ тозаву озода нигоҳ доштани ин гӯшаи шаҳри Душанбе ва пайравӣ аз ташаббусу иқдомҳои роҳбарияти шаҳр дар самти корҳои созандагию бунёдкорӣ ва кабудизоркунӣ мебошад.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ