image

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия доир шуд

date_range17.07.2023, 10:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye276

Дар асоси нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ҷиҳати татбиқнамоии ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкорӣ бо ҷомеа ҳисоботдиҳии нозирон минтақаҳои 3 ва 6-и Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сурат гирифт. Ин тадбир дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати Корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сардори гурӯҳи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва аъзои Шӯро иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ ширкатдорон изҳор доштанд, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд муддат аст, ки бо сокинон ва иштироки нозирони минтақавӣ мулоқот доир гардида, дар ҷараёни он ҳисоботи нозири минтақавӣ шунида мешавад. Дар ин замина дар рафти мулоқот ҳисоботи нозирони минтақаи хизматии маъмурии рақами 3 ва 6-и Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии дар н.И.Сомонӣ шунида шуд.

Дар рафти ҳисобот нозирон аз пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва корҳои анҷомдодаи худ дар шаш моҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ҳисобот доданд.

Зимни мулоқот қайд шуд, ки вазифаҳои асосии фаъолияти нозири минтақавӣ ин таъмин намудани тартибти ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ дар минтқаи ба ӯ вобасташуда, иштирок дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва оромии минтақаи хизматӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, муайян ва ошкор намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайрокунии маъмурии содиршуда ва ба таври фаврӣ кушодани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайрокуниҳои маъмурӣ дониста мешавад.

Дар идомаи мулоқот миёни иштирокчиён ва масъулин суолу ҷавоб сурат гирифт.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"