Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумуҳрӣ дар пойтахт дар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҷашни воқеъии шодиву сурури мардум, муаррифии вижагиҳои суннату ҳунарҳои мардумии бошандагони шаҳру ноҳияҳои кишвар тадбил ёфтааст. Ҳамсони барномаи бошукуҳе, ки аз ҷониби кишоварзону ҳунармандон ва санъаткорони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар Боғи фарҳанги фароғати Кӯли ҷавонони шаҳри Душанбе пешниҳоди сокинон гардонида шуд. Дар ин тадбир беҳтарин армуғонҳои омодашудаи дастӣ, таъомҳои миллӣ, намунаи сару либос ва маҳсулоти кишоварзӣ ба сокинони пойтахт пешниҳод карда шуд.
Ҷузъи асосии тадбири мазкурро баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил дод, зеро дар ин доира барои харидорон тамоми номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи арзон нисбат ба бозорҳои пойтахт пешниҳоди харидорон карда шуд. Коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли орди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сокинони пойтахт орд, коргоҳҳои паррандапарварӣ гӯшт ва туғми мурғ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, бодирингу помидору картошка ва дигар маҳсулотро ба сокинон пешниҳод карданд. Ҳамчунин дар ин намоиш-фурӯшгоҳ гӯшти аълосифат низ бо арзиши панҷоҳ сомонӣ барои харидорӣ намудан дастрас буд.
Зимни ифтитоҳи чорабинии фарҳангӣ масъулин роҳандозии тадбири мазкурро имконияти хуби ғанисозии дастархони мардум бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва таъмини нарху навои муътадил дар бозорҳо унвон карданд. Гуфта шуд, ки аз чунин имконоти муосид чанд муддат боз тамоми сокинони пойтахт баҳравар буда, шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар пойтахт бо нархи арзон ярмарка фурӯши маҳсулотро баргузор менамоянд. Санъаткорони ноҳияҳи Бобоҷон Ғафуров бо барномаи консертӣ ба тадбири мазкур хотима бахшида хотири иштирокчиёнро бо суруду рақсҳои ҷолиб болида намуданд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ