image

Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Исфара дар Боғи Ирами пойтахт

date_range17.07.2023, 14:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye265

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Исфара, ки дар Боғи Ирами пойтахт доир шуд, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Иштирокчиён дар саҳни боғ аз намоиши ҳунарҳои мардумии ҳунармандони шаҳри Исфараи вилояти Суғд, ки бо санъати баланд оро дода шуда, буд боздид карданд. Ҳунармандони шаҳр бо завқи баланд дар намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳри Исфара иштирок намуда, аз истеъдод ва ҳунари доштаи худ дарак доданд.

Бояд гуфт, ки чорабинии мавриди назар дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҷлили сазовор аз ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи сентябри соли равон дар пойтахти кишвар доир мегардад. Дарки моҳияти тақдирсози Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дарки шарафу нангу номус, дарки ояндаи шукуфони худ, дарки боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва рӯзгори хеш, дарки ҳимояи марзу буму фардои хушбахтонаи фарзандону хонаводаи худ аст.

Маврид ба зикр аст, ки Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад.

Доир гаштани чунин чорабиниҳои оммавӣ аз баракати истиқлол буда, сокинону меҳмонони пойтахт бори дигар аз ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик ва сокинони шаҳру ноҳияҳои мамалакат аз надик ошно мегарданд.

Валиҷон Шарифзода 

"ТВ Душанбе"