Ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ
Дар толори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва раисони як қатор кумитаю ташкилотҳои ҳизбӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаи навбатиро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирддавсии шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Тибқи рӯзнома гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ дар бораи Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ барои фаъолияти минбаъда шунида шуд. Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ корҳо дар самти қабули сифатнок хуб ба роҳ монда шуда, аз ҳисоби шахсони фаъол 1 ҳазор 759 нафар шаҳрвандон ба сафи аъзои ҳизб пайвастанд.
Инчунин дар Маҷлиси Кумитаи иҷроия “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, Тасдиқи Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои фаъолияти нимсолаи дуюми соли 2023. Таъсиси Ситоди “Обуна-2024” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт”-ро ки ба рӯзномаи маҷлис ворид гардиданд, ба ҳозирин муаррифӣ кард.
Дар идомаи маҷлиси гузориши раиси Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ шунида шуд. Мавсуф иброз дошт, ки Нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳама давру замон муҳим арзёбӣ мегардад. Хусусан дар давраи ҷаҳонишавӣ, ки кулли муносибатҳо ҳар лаҳза номуайяниҳои нав ба навро пайдо менамояд, истифода аз воситаҳои ахбори омма, нашрияҳои ҳизбӣ, ҷумҳуриявӣ, шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои гуногуни интернетӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳизбиён мансуб меёбад. Аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, ки имрӯз ба майдони муборизаҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ табдил ёфта, ҷиҳати таъсир расонидан ба мафкураи мардум воситаи мусоид ба шумор мераванд.
Инчунин, зинми маҷлис гузориши раиси Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Дар фарҷом ба як қатор фаъолони ташкилотҳои ибтидоӣ, ки дар амалигардонии Барномаҳои ҲХДТ саҳм гузоштанд бо сипоснома ва ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, ҷавононе, ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, ба онҳо шаҳоданомаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ