Баргузории чорабинӣ ҷиҳати пешгирии садамаҳои нақлиётӣ
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохлиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори тамзимкунандаи соҳаи роҳу нақлиёт дар кишвар ҷиҳати пешгирии садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва иҷрои дигар меъёрҳои роҳу нақлиёт пайваста даст ба кор аст. Бо вуҷуди тадбирандешиҳои ин ниҳод нишондиҳандаҳои садамҳои нохуши нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ зиёд гардида, масъулинро барои пайдо кардани роҳу услҳои нави ҳалли ин мушкилот водор сохтааст. Вобаста ба ин дар Раёсати бозарасии давлатии автомобил ҷумҳурӣ чорабинӣ баргузор гардид.
Рустам Мирзомуродзода сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ин ҳамош ҳайати шахсии ин сохторро вазифадор намуд, ки ҷиҳати пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт, ки дар айни замон ба як мушкилии ҷиддӣ табдил ёфтааст бо масъулияти дучанд даст ба кор шаванд. Зеро ба таҳлили коршиносон дар сурати пайдо накардани роҳу усулҳои нави пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт ин проблема имкон доранд боз ҳам ҷиддитар гардад. Танҳо дар шаш моҳи соли равон зиёд шудани шумораи садамаҳои роҳу нақлиёт 2,3%, ҳалокшудагон 7,2% ва маҷруҳшудагон 1,2% оморест нигаронкунада.
Тибқи таҳлилҳои коршиносони соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 сабабу омилҳои ба вуқуъ омадани садамаҳои нохуши нақлиётӣ маълум карда шудааст, ки маъмултарини онҳо аз меъёр зиёд намудани сурати ҳаркат дар роҳ ва дар ҳолати сарухушӣ идора кардани воситаи нақлиёт мебошад.
Маврид ба зикри хос аст, ки ба далели пешгирии садамаҳои нохуши нақлиётӣ, ва ҳолатҳои қоидавайронкунии роҳу нақлиёт бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохлиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ назорат пурзӯр карда шудааст. Кормандони ин ниҳод дар роҳҳои ҷумҳурӣ ҳамарӯза рейдҳои муштарак доир намуда, ҷиҳати ҳалли проблемаи роҳу нақлиёти кишвар ҷиддӣ муносибатро ба роҳ мондаанд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ