Натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда
Дар толори Бонки миллии Тоҷикистон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб, кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт, фаъолони ҳизб ва як қатор вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо раиси Кумита Иброҳим Мирзозода оғоз намуда, вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб давоми нимсолаи якуми соли 2023 гузориш дода, қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе давоми нимсолаи якуми соли 2023 фаъолияти худро дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оинномаи ҳизб ва дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи Барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки муҳимтарин самтҳои пешрафти мамлакатро барои солҳои 2020 – 2025 ва 2021-2027 муқаррар намудааст, фаъолият намуда, дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ як қатор тадбирҳои муайяну муҳимро ба иҷро расониданд.
Зикр гардид, ки имрӯз шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 976 ва аъзои ҳизб 80 ҳазору 633 нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли 2022 теъдоди аъзои ҳизб 3197 нафар ва ташкилоти ибтидоӣ 56 адад афзоиш ёфтааст.
Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода оид ба фаъолияти сохторҳои ҳизб дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ суханронӣ карда қайд намуд, ки дар пойтахт масълаҳои зиёде ҳастанд, ки ҳамкориҳои судманду самарабахши сохторҳои ҳизбро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе талаб менамоянд. Дар идомаи маҷлис муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода атрофи таҳким бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ, риояи ҳатмии Оинномаву низомномаҳои ҳизбӣ ва татбиқи Барномаҳои ҳизб, супоридани саривақтии ҳаққи узвият, қабули шахсони арзанда ба сафи ҳизб, таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоӣ, ҷоннок намудани корҳо дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо бо қишрҳои осебпазири ҷомеа, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта, густариши корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, баҳри сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Тибқи рӯзнома гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Дониш” оид ба татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шунида шуд. Дар фароварди ҷаласа раиси Комиссияи доимии кор бо ҷавонони назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба фаъолияти нимсолаи якуми Комиссия дар соли 2023 ҳисобот дод.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ