image

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе барои натиҷагирӣ дар нимсолаи аввали соли 2023

date_range19.07.2023, 15:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye163

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе барои натиҷагирӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 баргузор гардид.

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе барои натиҷагирӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, Раиси маҷлиси вакилони хақли шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар кори он роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардор ва кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ” – и шаҳри Душанбе, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино, директорон ва ҷонишинони директорҳои муассисаҳои давлатии “Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ”–и шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе, сохторҳои ҳамоҳангсоз ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз бо инобати дастгириҳои иҷтимоии ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба 3 нафар ҷавондухтарони ниёзманд, дастгоҳи дузандагӣ, 1 нафар асбоби мусиқӣ, 2 нафар модари сарбозон ва 1 нафар донишҷӯи ниёзманд маблағи пулӣ, ки ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе муроҷиат намуда буданд, дастрас карда шуд.

Дар идома масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа баррасӣ карда шуда, аз ҷониби сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода иброз гардид, ки дар 6 моҳи соли 2023 дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, бахусус доир ба ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи ватандӯстиву худогоҳии онҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар маҷмӯъ 2014 чорабинӣ бо фарогирии 795 ҳазору 447 нафар гузаронида шудааст.

Дар ин давра бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе сеюмин фестивалҳои дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!”, сеюмин Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвонҳои “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” бо иштироки ҷавонони кишварҳои хориҷӣ, Форуми шаҳрии ҷавонон таҳти унвони "Муқовимат ба ифротгароӣ - омили муҳими рушди босуботи ҷомеа" ва даҳҳо ҳамоишу чорабиниҳои илмиву адабӣ, инчунин фарҳангиву маърифати ва варзишӣ доир гардиданд.

Дар идома гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли 2023 варзишгарони пойтахт дар чемпионату мусобиқаҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 4 ҳазору 363 медал аз ҷумла, 1473 медали тилло, 1287 медали нуқра ва 1603 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 665 медал зиёд мебошад.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"