image

Форуми панҷуми миллии соҳибкорони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии аъзои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон

date_range20.07.2023, 14:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye295

Дар шаҳри Душанбе Форуми панҷуми миллии соҳибкорони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии аъзои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) таҳти унвони “Нақши соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон” баргузор гардид. Форуми мазкур аз тарафи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандози гардидааст.

Дар Форуми чоруми миллии соҳибкорони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии аъзои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон соҳибкорон, роҳбарон ва мутахассисони коргоҳу корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии аъзои Иттифоқ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар, намояндагони Вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ, ва шарикони рушд ширкат варзида, мушкилоти ҷойдошта, самту омилҳо ва роҳҳои таъмин намудани рушди босуръати соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Инчунин дар ҳамоиши навбатӣ дурнамои рушди соҳаи нассоҷӣ дар кишвар, ташкили кластерҳо аз истеҳсоли пахта то коркарди ниҳоии маҳсулоти рақобатпазир, мавриди муҳокима қарор дода шуд. Пеш аз оғози чорабинӣ намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии саноати насозиҷии кишвар доир гардид, ки иштирокдорон аз он дидан карданд.

Форум “Нақши соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон” ном гирифта, он ба Иди касбии кормандони саноати сабуки ҷумҳурӣ бахшида шудааст. Зимни баромади хеш масъулин зикр карданд, ки Мувофиқи нақша дар соли 2022 ва 6 моҳи соли 2023 ду форуми соҳибкорон, шаш мизи гирд ду озмуни “Тарроҳи либоси беҳтарин” дар байни тарроҳони коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ, ду озмуни “Соҳибкори беҳтарини соҳа” дар байни соҳибкорони корхонаҳои коркарди ниҳоӣ, калон ва хурди дӯзандагии аъзои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, дар сатҳи баланд гузаронида шуданд. Ҷамъ, дар ин чорабиниҳо зиёда аз 550 нафар соҳибкорон, соҳибмулкон роҳбарон ва мутахассисони коргоҳу корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ иштирок намуда, сатҳи дониши ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва малакаи касбии худро такмил доданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки давоми солҳои 2022 ва 6 моҳи соли 2023 - 21 коргоҳу корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ба узвияти Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон қабул шуданд, ки ин самаранокии фаъолияти Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Дар форум, ҳамчунин, озмуни анъанавии соҳа дар ду бахш ва ҳашт зербахш ҷамъбаст гардид, ки дар он ғолибон аз рӯи бахшҳои гуногун иштирок намуда, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"