image

Мулоқоти намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо

date_range20.07.2023, 14:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye192

Дар доираи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар бинои Раёсати андози шаҳри Душанбе мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, муовини сардори Раёсати андози шаҳри Душанбе ва кормандони ин ниҳоди молиявии пойтахт иштирок намуданд.

Ширкатдорон дар баромади хеш зикр намуданд, ки мулоқот дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Зимнан, аз ҷониби масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ андешаронӣ сурат гирифт.

Ҳамзамон дар идомаи ҷаласа масъалаи таъсиси намояндагии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зимнан ин иттифоқи ҷамъиятӣ намояндагии худро дар Раёсати андоз таъсис дод. Мавриди зикр аст, ки чунин иқдом дар дигар корхонаву идора ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе идома дода мешавад. Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ ширкатдорон баромад намуданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"