Баргузории ҷаласаи Шӯрои навбатии шуъбаи маорифи ноҳияи Сино
Дар давраи таътили тобистона низ масъалаи мактабу маориф зери таваҷҷуҳи пайвастаи масъулини соҳа қарор дорад. Дар ин замина дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хаём» ҷаласаи Шӯрои навбатии шуъбаи маорифи ноҳияи Сино бо иштироки масъулини шуъбаи маорифи ноҳия, аъзои шӯро, кормандон ва роҳбарони муассисаҳои мактабию томактабии ҳудуди ноҳия баргузор гардид.
Дар раванди кори Шӯро масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Сино доир ба масъалаҳои баррасишаванда андешаронӣ намуд.
Ширкатдорон вобаста ба тасдиқи дастурамали вазифаҳои хизматии кормандони соҳаи маорифи ноҳия, моҳияти қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Дастурамали вазифавии директор, муовинони директор ва роҳбари синфӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ», Баррасии фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Дастурамали вазифавии кормандони роҳбарикунанда ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таъсис ва тасдиқи Комисся оид ба татбики Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» дар шуъбаи маориф, сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, тадбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таътиму тарбияи фарзанд» ва дигар мавзӯҳои рӯзнома маърӯза пешниҳод карданд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино таваҷҷуҳи асосиро ба баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ҷалб намуда, ба роҳбарони муассисаҳои мактабию томактабии ҳудуди ноҳия ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, қарорҳои ҳайати мушовара ва ҷаласаҳои назоратӣ дар самти татбиқи нақшаю барномаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои ихтисосманду китобҳои дарсӣ, назорати ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор ва таъмини онҳо бо имтиёзҳои пешбинишуда супоришҳои қатъӣ ба миён гузоштанд.
Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар фароварди ҷаласаи навбати масъулин аз роҳбарон ва кормандони муассисаҳои мактабиву томактабии ноҳия даъват ба амал овард, ки баҳри омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсили соли 2023-2024 корро аз аввали моҳи август шурӯъ намуда, тадбирҳои судмандро амалӣ намоянд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ