Мулоқоти намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо кормандони Маркази барқу гармидиҳӣ
Дар доираи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар бинои Маркази барқу гармидиҳӣ мулоқот доир гардид.
Дар Маркази барқу гармидиҳӣ имрӯзҳо ҷавонон соҳибкасбу бомаҳорат фаъолияти меҳнатиро пеш мебаранд. Аз ин рӯ мулоқоти навбатии масъулин бо онҳо ташкил шуд, ки дар раванди он намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, масъулини Маркази барқу гармидиҳӣ ва кормандони ин ниҳоди энергетикӣ иштирок намуданд.
Ширкатдорон дар баромади хеш зикр намуданд, ки мулоқот дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Зимнан, аз ҷониби масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ андешаронӣ сурат гирифт.
Дар идомаи кори ҷаласа масъалаи таъсиси намояндагии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зимнан ин иттифоқи ҷамъиятӣ намояндагии худро дар Маркази барқу гармидиҳии рақами 1 ва 2 таъсис дод.
Дар ҷараёни мулоқот вобаста ба дигар мавзуҳои соҳавӣ ширкатдорон баромад намуданд.
Дар идома корманди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баромад намуда, роҷеъ ба пешгирии ҷавонон аз амалҳои номатлуб ва дигар мавзуъҳои мавриди назар баромад намуда, аз ҷавонони соҳа даъват намуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бо фаъолияти босамари меҳнатӣ барои пешравии ин бахш дар шаҳри Душанбе саҳм гузоранд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ