29 медали хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалии STEM-2023
Аз 18-ум то 23-юми июли соли равон дар шаҳри Парижи Фаронса 3-юмин Олимпиадаи байналмилалии STEM баргузор гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 нафар хонанда иштирок намуда, аз онҳо 29 нафар сазовори ҷоиза гардиданд.
Олимпиадаи байналмилалии STEM як барномаи таълимӣ аст, ки фанҳои технология, муҳандисӣ ва математикаро дар бар мегирад. Довталабони он асосан равияи табиӣ-риёзиро интихоб намудаанду бо дониш ва истеъдоди худ дар ин олимпиадаи сатҳи байналмилалӣ метавонанд, иштирок намоянд. Соли равон ин Олимпиада дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса доир гашта, дар он соли равон хонандагони 22 давлати ҷаҳон иштирок намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳо буд. Пас аз иштирок ва ғолибият дар олимпиада хонандагони тоҷик ба Ватан баргаштанд ва онҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе устодон ва падару модарон пешвоз гирифтанд.
Имсол дар ин олимиада хонандагони 96 муассисаи таълимии 22 давлати ҷаҳон ва ё худ 440 нафар довталаб иштирок ва бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Тими Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз 36 нафар иштирокчиён, аз 7 муассисаи таълимии ҷумҳурӣ; 29 нафар аз шаҳри Душанбе ва 7 нафар аз вилояти Суғд дар озмуни мазкур иштирок намуданд.
Маросими қадрдонӣ ва ҷоизасупории ғолибони даври ниҳоии олимпиада, дар Осорхонаи «Илм ва саноат»-и шаҳри Париж, ки калонтарин осорхона дар минтақаи Аврупо ба ҳисоб меравад, баргузор гардид. Хонандагони тоҷик, ба гирифтани 9 медали тилло, 8 нуқра ва 12 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. Тавре, ки иттилоъ дода шуд, дар олимпиадаи мазкур 6 нафар хонандагони Муассисаи таълимии хусусии «Мактаби Контофилд»-и шаҳри Душанбе, ки ҳамзамон иштирокчиёни маҳфилҳои Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошанд, сазовори 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардидаанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ