image

Баргузории даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» дар ноҳияи Фирдавсӣ 

date_range25.07.2023, 10:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye320

Чандест, ки дар асоси нақшачорабиниҳои тасдиқгардида дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳурияви телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардида истодааст. Дар шаҳри Душанбе аввалиншуда масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ин фестивал-озмунро ташкилу баргузор намуданд.

Таваҷҷуҳ ба фарҳангу ҳунар ва рушди он дар мамлакат яке аз бахшҳои афзалиятнок дар сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад. Дар ин замина чорабиниҳои гуногун ташкилу баргузор карда мешавад,ки намунае аз он ин ташкилу баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳурияви телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» дар чанд давр мебошад. Масъулини ноҳияи Фирдавсӣ низ ин чорабиниро дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор намуданд.

Ҳаваскорони ҷавони ноҳия истеъдоди худро тибқи Низомномаи озмун дар 12 шарт пешкаши ҳайати ҳакамон ва тамошобинон гардониданд. Ҳар як шарт бо маҳорати хоса аз ҷониби ҳаваскорони ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд ва ҳакамон ба онҳо баҳогузорӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои рушди соҳаи фарҳангу ҳунар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маблағгузории ин бахшро дар сатҳи зарурӣ таъмин намудааст. Ҳамин аст, ки ҳамагуна чорабинӣ дар ноҳия бо омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор карда мешавад.

Даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳурияви телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» низ дар ҳамин рӯҳия ва сатҳи баланд ташкил шуд ва ҳакамон баҳои сазовор доданд.

Ҳаминтариқ баъди иҷрои ҳама шартҳои озмун дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳакамон доир ба сатҳи иҷроиши ҳунармандон, маҳорати онҳо ва масъалаҳои дигари вобастаи мавзӯ баромад намуда, маҷмуан ба сатҳи ташкилию баргузории даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» дар ноҳияи Фирдавсӣ баҳои шоиста доданд.

Қиёмиддини Ҳомид 

"ТВ Душанбе"