image

25-май Рӯзи нақлиётчиён. Ташкили ҳамоиши ҷашнӣ ба ин муносибат

date_range25.07.2023, 14:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye273

Ҳамасола санаи 25-июл дар кишвар Рӯзи кормандони касбии соҳаи нақлиёти автомобилӣ таҷлил мегардад. Бахшида ба ин рӯз дар Корхонаи Коммуналии Воҳиди Давлатии “Автобус-2”-и шаҳри Душанбе ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи маскур муовини раиси шаҳри Душанбе-сарпарасти соҳаи нақлиёт Фирдавс Саидзода, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати вазорати корҳои дихилӣ дар шаҳри Душанбе, сардори Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои вобастаи соҳа ва собиқадорону роҳбарони корхонаҳои нақлиётӣ иштирок доштанд.

Тавре гуфта шуд, дар шаҳри Душанбе хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон айни замон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ ва ширкатҳои таксӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар соҳаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии пойтахт дастовардҳо назаррас буда, давоми чанд соли охир ба шаҳр шумораи зиёди автобусу тролейбусҳои замонавӣ ворид ва ба хизматрасони равона гардиданд. Дар ин миён собиқадорони соҳа низ аз муваффақиятҳои имрузаи нақлиёти пойтахт ҳарф заданд.

Дар идома собиқадорон ва фаъолони соҳа барои хизматҳои софдилона, меҳнати пурсамар ва саҳми назаррас дар пешбурдаи кори соҳаи нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе бахшида ба рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо ифтихорномаи Раиси шаҳри Душанбе ва сипосномаи Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” баҳри мусоидат ба пешбурди фаъолияти соҳаи нақлиёти автомобил дар пойтахт қадрдонӣ гардиданд.