Омодагӣ ба соли нави хониш дар муассисаҳои олии таълимӣ
Дар доиари татбиқи барномаҳои ободонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳоло дар гӯшаву канори пойтахт корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ бовусъат идома дорад. Дар баробари сохторҳои марбута ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт устодону донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳо низ бо таъмири бинову иншоот ва кабудизоркунии саҳну атрофи муассисаҳои таълимӣ дар ин самт саҳм мегузоранд.
Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар самти омода намудани мутахассисони риштаи варзиш саҳми назаррас дорад. Дар баробари дар сатҳу сифати зарурӣ ба роҳ мондани раванди таълим ва анҷоми корҳои тамриниву таълимии варзишагрон, роҳбарияти ин муассисаи таълимии олии мамлкат вусъати корҳои ободониву созандгиро низ дар ҳудуди донишгоҳ таъмин намудаанд. Масъулин мегӯянд, ки суръати корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе онҳоро бетараф нагузошт ва ба ин хотир намои берунаи аксари биноҳои таълимиро таъмир намудаанд, то ки ба ҳусни шаҳр костагӣ ворид нагардад. Бо ин мақсад ҳоло корҳои таъмирӣ дар бинои кафедраи ҳарбии донишкада идома дорад. Зеро ин қисмати бинои таълимӣ таъмирталаб буда, пура ба талоб ҷавобгӯ набуд.
Бино ба иттилои масъулини донишкада тадбирҳои таъмирӣ дар ин бинои муассиса аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва роҳбарияти донишкада амалӣ шудааст. Дар маҷмуъ масоҳати 150 метри мурабба тирезаҳои кӯҳнаву фарсуда ба тирезаҳои пластикии нав изваз гардидаанд. Дар ин баробар 16 адади ин синфхонаҳои таълимӣ ва кабинетҳои омӯзишӣ низ иваз карда мешавад. Илова бар ин таъмири дигар қисматҳои бинову иншооти таълимии донишкада низ идома дорад. Масъулин талош доранд, ки то оғози соли нави хониш корҳои нақшавиро ба анҷом расонанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирфтани соли нави хониш тадбирҳои ободонӣ ва таъмирӣ дар ин муассисаи олии таълимии мамлакат ташкилу роҳандозӣ шудааст.
Иттилоъ дада шуд, ки бо дастгирии роҳбарияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ва сохтору мақомоти марбута маблағи зарурӣ барои анҷоми корҳои сохтмониву таъмирӣ ҷудо гардидааст, ки ин тадбир барои вусъати корҳо ва саривақт анҷом додани таъмир мусоидат менамояд.
Гуфта мешавад, ки ҳамасола дар давраи таътили тобистона бо истифода аз фурсати муносиб дар донишкада корҳои ободониву тозагӣ дар толору майдонҳои варзишӣ, синфхонаву маҷлисгоҳ ва утоқҳои ёрирасону ҳуҷраҳои корӣ ташкил мегардад ва донишҷӯён бошанд соли нави хонишро дар шароити созгор истиқбол мегиранд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ