Тақвияти фарҳанги сарфакори дар оростани дастархон-даври шаҳрии озмуни “Дастархонороӣ” дар пойтахт
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе миёни чор ноҳияи пойтахт озмуни дастархонороӣ баргузор шуд. Озмуни мазкур дар асоси ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар шаҳри Душанбе роҳандози мегардад. Ин тадбири маърифатию фарҳангӣ дар тарабхонаи Осмон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ бонувони ҳунарманд ширкат намуда, маҳорати дастархонороиву меҳмондории худро ба намоиш гузоштанд. Бештар бонувони ҳунарманд ба таомҳои миллӣ таваҷҷуҳ намуда, бо истифодаи он хони пурнозу неъматро омода намуданд.
Роҳбарияту намояндагони сохторҳои гуногуни шаҳрӣ бо таваҷҷуҳ ба сарфакоронаю моҳирона, зебо ва хушоянд оростани дастархон, бо риояи анъанаҳои суннатӣ ва таомҳои миллӣ баҳогузорӣ намуданд.
Ғолибони чорабинӣ муайян ва барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии он аз ҷониби кумитаи тадорукот пешбарӣ карда шуданд. Баъди хулосаи ниҳоӣ ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷойи якум, Сино мавқеи дуюм ва ноҳияи Шоҳмансур мансуби зинаи сеюм дониста шуд. Дар вазъияти тантанавӣ ғолибон ва ширкатдорони фаъоли озмун бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Озмун ба се давра: ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шудааст. Даври ниҳоии озмун дар сатҳи ҷумҳурӣ бо иштироки ғолибони даврҳои якум ва дуюми шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мегардад.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ