Кумитаи телевизион ва радио дар вилоятҳои Суғду Бадахшон 12 манора насб менамояд
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардидани пахши рақамии барномаҳо дар вилоятҳои Суғду Бадахшон 12 манора бо баландии аз 12 то 18 метр насб менамояд. Чунин иттилоъ дод, зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумита Нуриддин Саид ба хабарнигорон.
Мавсуф иброз дошт, ки дар доираи «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» омода намудани 12 манора бо баландии аз 12 то 18 метр вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии истгоҳҳои радиотелевизионии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои васлу кафшергарӣ оғоз гардидааст.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани фарогирӣ ва пахши барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи марҳилаи 4-уми барномаи мазкур корҳои омодагиву таъмири бинои техникӣ ва хати барқ дар макони насби фиристандаҳои рақамӣ дар маҳалҳои Ҳоити ноҳияи Рашт, Чуҷалии шаҳри Ҳисор, Гулхаси шаҳри Турсунзода, Мотравни ноҳияи Ванҷ, Шитам ва Сохчарви ноҳияи Шуғнон, Шикуши ноҳияи Роштқалъа, Ганҷинаи ноҳияи Хуросон, Даштиҷум ва Порвори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин анҷом дода шуданд. «Дар баробари ин, корҳои омодагӣ дар деҳаҳои Ғеш ва Дашти Ар-ари ноҳияи Муъминобод, Миёнаду ва Чилдараи ноҳияи Сангвор, Лаккони шаҳри Исфара бо маром идома дорад»,-гуфт Раиси Кумита.
Тазаккур дода шуд, ки иҷрои марҳилаи 4-уми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024», ки насби 30 фиристандаи рақамиро дар назар дорад, то охири соли 2023 ба анҷом расида, он имкон медиҳад, ки фарогирии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ бо пахши рақамӣ ба 83% расонида шавад.
Ҳомидов Қиёмиддин
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ