image

«ТВ Сафина» давоми 6 моҳи аввали соли 2023 - 30 филми бадеиро тарҷума ва дубляж карда, пешниҳоди бинандагон гардонид

date_range27.07.2023, 11:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye540

Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" ҳамчун шабакаи телевизионии тарғибгари сиёсати фарҳангии Тоҷикистон давоми 6 моҳи аввали соли 2023, ҷиҳати истиқболи шоистаи ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи инъикоси сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин раванди тадбирҳои созандагӣ дар саросари мамлакат ба таври густурда инъикос намуд.

Мавзӯи дигаре, ки дар давраи ҳисоботӣ мавриди таваҷҷуҳи кормандони Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" қарор дошт, озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” буд. Дар ин мавзуъ бештар аз 50 гузоришу сюжет аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ омода ва дар барномаҳои иттилоотии шабака пахш карда шуд.

Дар идомаи нишаст хабар дода шуд, ки дар тӯли шаш моҳи аввали соли равон Идораи таҳия ва дубляжи филмҳо 30 филми бадеиро дар ҳаҷми зиёда аз 2 ҳазору 940 дақиқа ё зиёда аз 49 соат дар мавзуъҳои гуногун тарҷума ва дубляж карда, пешниҳоди бинандагон гардонид. Барои баланд бардоштани малакаи касбӣ аз оғози сол бо ҷалби мутахассисони варзида барои наворбардорон ва кормандони техникии 8 намояндагии шабака курси кутоҳмуддати такмили маҳорат ташкил карда шуд. ки дар натиҷа сатҳу сифати кори ҳайати эҷодиву техникии муассиса аз ҳар лиҳоз хеле баланд гардидааст.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"