image

Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 871 адад, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст

date_range27.07.2023, 11:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye250

Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 871 адад, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 79 муроҷиати хаттӣ, 105 муроҷиатҳои шифоҳӣ, 8 муроҷиати электронӣ мебошанд-қайд гардид зимни нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ҷумла 192 муроҷиат дар Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 79 адад муроҷиати хаттӣ, 105 адад адад муроҷиати шифоҳӣ, ва 8 адад муроҷиати злектронӣ мебошад иттилоъ дода шуд зимни баромади роҳбарияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ. Дар ин давра ба 20 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулоса пешниҳод шуда, кормандони Дастгоҳи марказӣ дар кори 27 гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ширкат намудаанд.

Инчунин гуфта шуд, дар нимсолаи якуми 2023 тибқи барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, муроҷиатҳои шаҳрвандон, Нақшаи кори гурӯҳии мониторингӣ ва супоришҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 2 мониторинг, 26 санҷиш, 3 боздиду ташриф ва дар маҷмуъ 31 санҷишу мониторинг ва боздидҳо шуд.

Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ кормандони Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар 3 мурофиаи судӣ иштирок намуданд. Айни замон дар 3 Маркази вилоятии ҷумҳурӣ намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият менамоянд.Инчунин дар давраи ҳисоботӣ кормандони сохторҳои минтақавии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кори 129 мизҳои мудаввар, тренингу семинарҳо иштирок ва суханронӣ намуда, паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар пешбурд, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро матраҳ намуданд.

Ҳамзамон дар ин давра бо ибтикори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 37 чорабинӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла бо дарназардошти он, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табиз» мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти озодӣ аз табиз таъйин шудааст, бо мақсади баланд бардоштани касбияти кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табиз дар нимсолаи аввали соли 2023 3 тренинги омӯзишӣ ва 6 дарсҳои бозомӯзии дохилиидоравӣ гузаронида шуд.

Дар охир роҳбарияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ аз 6 моҳи фаъолияти кории худ дар назди хабарнигорон ҳисобот доданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"