image

Ҳунармандӣ-омили мустаҳкамии оила”-таҳти ин унвон дар пойтахт озмуни беҳтарин маҳсулоти дастӣ ҷамъбаст гардид

date_range27.07.2023, 12:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye419

Дар Хонаи Дониши ноҳияи Фирдавсӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Озмуни “Ҳунармандӣ-омили мустаҳкамии оила” доир гашт, ки дар он ҳунармандони чор ноҳияи пойтахт иштирок намуданд.

Озмуни мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳот 2021-2030 дар шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 июли соли 2021 тасдиқ гардидааст ва бахшида ба эълон гардидани солҳот 2022 - 2026 «Солҳои рушди саноат» доир шуда, дар он беҳарин махсҳсулоти дастии тавлидшудаи хонаводагӣ аз ҷониби ҳунармандони маҳаллаҳои пойтахт намоиш дода шуд.

Дар озмун маҳсули ҳунарҳои дастии ҳунармандон, аз қабили чакандӯзӣ, гулдузӣ, тоқидузӣ, қуроқдузӣ, дузандагй, бофандагй ва нонпазӣ намоиш дода шуда, ҳунармандон бо сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"