image

Мулоқоти намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар МНДСЭ шаҳри Душанбе

date_range27.07.2023, 13:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye484

Бо ширкати ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаву ташкилот мулоқоту вохӯриҳои гуногун ташкил карда мешавад. Дар доираи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе мулоқот доир гардид.

Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе имрӯзҳо ҷавонони соҳибкасбу бомаҳорат фаъолияти меҳнатиро пеш мебаранд. Аз ин рӯ мулоқоти навбатии масъулин бо онҳо ташкил шуд, ки дар раванди он намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ва кормандони ин ниҳоди тандурустӣ иштирок намуданд.

Ширкатдорон дар баромади хеш зикр намуданд, ки мулоқот дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Зимнан, аз ҷониби масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ андешаронӣ сурат гирифт.

Дар идомаи кори ҷаласа масъалаи таъсиси намояндагии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зимнан ин иттифоқи ҷамъиятӣ намояндагии худро дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе таъсис дод. Дар ҷараёни мулоқот вобаста ба дигар мавзуҳои соҳавӣ ширкатдорон баромад намуда андешаҳои хешро баён карданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"