image

Нишасти хабарии Агентии хизмати давлатӣ доир гардид

date_range28.07.2023, 10:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye451

Масъулини Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи дастовардҳои нимсолаи худро дар соли 2023 муаррифӣ намуданд. Дар ин муддат ба Агентии мазкур 3111 мавод аз идораву вазорат ва муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид шудааст, ки дар доираи муҳлатҳои муқарраргардида баррасӣ гардиданд. Муҳтавои асосии маводи аз тарафи мақомоти давлатӣ воридгардидаро масъалаҳои ташкил, баргузорӣ ва ҷамъбасти озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ҷойивазкунии кадрҳо, ташкили захираи кадрҳо, татбиқи кафолатҳои иҷтимоӣ, таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъалаҳои мансуб ба соҳаи хизмати давлатиро ташкил медиҳанд.

Аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ мувофиқи қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи қонунгузории хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008, тасдиқ карда шудааст, рафти иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Рушон, Мурғоб, Панҷакент, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Норак, Данғара, Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Кушониён, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин ва Муъминобод мавриди омӯзиш қарор дода шуд - иттилоъ дода шуд, зимни нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта шуд, ки Ҳангоми санҷишҳо ҳолати риоя нашудани талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ зимни татбиқи технологияҳои кадрӣ, аз ҷумла ҳангоми интихоби ҳайати роҳбарикунандаи ҷамоатҳо, таҳия, тасдиқ ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ, риояи талаботҳои тахассусӣ ва Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, пешбурди парвандаҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ ҷоӣ доранд. Ҳолатҳои қабули хизматчиёни давлатӣ бе баргузории озмун (46 ҳолат) низ мушоҳида гардид.

Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда риоя карда нашуда, бархе аз хизматчиёни давлатии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти мазкур (47 ҳолат) ба талаботи тахассусӣ аз рӯи ихтисос ва сатҳи таҳсилот ҷавобгӯ намебошанд.

Дар маҷмӯъ аз натиҷаи таҳлили вазъи иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ санадҳои санҷишӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ирсол карда шуд.

Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ ба ҳолати 1 июли соли 2023 шумораи хизматчиёни давлатии амалкунанда 18430 нафар ва синни миёнаи хизматчиёни давлатӣ 37-соларо ташкил медиҳад.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4556 нафар ё 24,7 фоизро ташкил дода, аз 5937 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1143 нафар ё 19,2 фоиз занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 118 нафар ва нисбат ба 1 апрели соли 2023 43 нафар афзоиш дода шудааст. Дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди занони роҳбар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 49 нафар ва нисбат ба 1 апрели соли 2023 2 нафар зиёд шудааст.

Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8996 нафар (48,8 фоиз)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 99 нафар зиёд мебошад. Дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35-сола 1628 нафар (27,4 фоиз) буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 88 нафар афзоиш дода шудааст.

Агентии хизмати давлатӣ минбаъд низ фаъолиятро дар доираи ваколатҳои худ самаранок ба роҳ монда, барои татбиқи сиёсати давлатӣ ва қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"