image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Саридораи геология зимни нишасти матбуотӣ

date_range28.07.2023, 10:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye321

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи хисоботӣ омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2021 тасдиқ шудааст, идома дод. Зерсохторҳои он корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 27 лоиҳа ба маблағи 6 миллиону 105 ҳазору 569 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қимматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монд.

Дар ин муддат корҳои шартномавӣ аз рӯи 149 лоиҳа ба маблағи 11 миллиону 136 ҳазору 567сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 85 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуд. Ин нуқта қайд гардид зимни нишасти хабарии роҳбарияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯзноманигорон.

Гуфта шуд, ки дар маҷмуъ, корҳо бо усули хоҷагидорӣ 17 миллиону 156 ҳазору 813 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-наздик ба 702 ҳазор сомонӣ зиёд ба иҷро расонида шуд, ки суръати афзоиш 104 фоизро ташкил дод.

Дар самти корҳои гидрогеология ва геология муҳандисӣ дар объекти «Кадастри давлатии об» аз ҷониби корхонаҳои воҳидии Саридораи геология мушоҳидаҳои аввала дар 16 пармачоҳ, мушоҳидаҳои реҷавӣ дар 59 обанбор ва 222 пармачоҳ, 214 маҳак барои гузаронидани ташхиси кимиёвӣ гирифта шуд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"