image

Маркази худшиносии бонувон аксияи «Ҳамроҳ бар зидди савдои одамон»-ро баргузор намуд

date_range28.07.2023, 11:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye388

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муқовимат ба савдои одамон, ки ҳамасола 30-ми июл таҷлил мегардад, дар пойтахти мамлакат чорабиниҳои гуногун аз қабили сӯҳбат-вохӯриҳо бо сокинон, аксияҳо ва тадбирҳои дигари маърифатӣ гузаронида мешаванд. Бо ин мақсад дар бозори Меҳргон ва Маркази савдои Душанбе Мол низ вобаста ба ин сана иқдоми иттилоотонӣ гузаронида шуд.

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳои МИҲД шаҳри Душанбе оид ба муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2022-2024», ки аз 6 апрели соли 2022 амалӣ шуда истодааст ва дар доираи Рӯзи байналмилалии муқовимат ба савдои одамон МД «Маркази худшиносии бонувон»-и МИҲД шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳоро баргузор карда истодааст. Вохӯриҳо бо сокинон, мизҳои мудаввар, аксияҳо дар ҷойҳои ҷамъиятии похтахт аз қабили чунин чорабиниҳоянд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа нисбат ба савдои одамон ва ҳифзи ҳуқуқии онҳо кормандони МД Маркази худшиносии бонувон дар якҷоягӣ бо волонтёрон дар бозори Меҳргон ва Маркази садои Душанбе Молл-Ашан аксия гузарониданд.

Зикр бояд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон чораҳои зарурӣ андешида, ба расонидани кӯмак ба онҳо ва таъмини бехатарии онҳо, аз ҷумла, тавассути таҳияи барномаҳои давлатии мақсаднок дар ин самт ва муттаҳид намудани фаъолияти субъектҳои системаи давлатии муқовимат ба савдои одамон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ диққати махсус медиҳад. Дар ин ҷода аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии миллӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтааст, ки он барои ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва риояи ҳуқуқи инсон заминаи мусоид мегузорад.

М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"