Ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муқовимат ба савдои одамон
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муқовимат ба савдои одамон, ки ҳамасола 30-юми июл таҷлил мегардад, дар пойтахти мамлакат чорабиниҳои гуногун, аз қабили суҳбат-вохӯриҳо бо сокинон, аксияҳо ва тадбирҳои дигари маърифатӣ гузаронида мешаванд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа нисбат ба савдои одамон ва ҳифзи ҳуқуқии онҳо масъулину кормандони шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамкори бо Маркази муқовимат ба савдои одамони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ дар назди корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Саховат» ва Маркази савдои «Ганҷина» аксияи таблиғоти доир намуданд. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур брашураҳо таҳти унвони савдои одамон ва савдои кӯдакон чист таҳия гардида, миёни сокинони пойтахт паҳн карда шуданд.
Дар ин рӯз масъулин дар атроф ва дохили марказҳои савдои ин маконҳо ба соҳибкорон ва харидорон чунин буклетҳоро тақсим карданд.
Маврид ба зикр аст, ки санаи мазкур бо мақсади ҷилавгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа нисбат ба вазъи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо бо Қарори Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2013 инҷониб дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад. Мусаллам аст, ки савдои одамон дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб ёфта, ҳамарӯза дар дунё, бахусус дар кишварҳои ҷангзада ва суботашон ноустувор ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ, хусусан занону кӯдакон дучори ин ҷинояти вазнин ва амалу кирдори ҷинояткоронаи савдогарони одамон мегарданд.
Дар асоси омори Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ҳамасола дар ҷаҳон ҳудуди 4 миллион нафар одамон қурбонии ҷинояти савдои одамон мегарданд, ки ин вазъ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ҷиҳати эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон Созмони Милали Муттаҳид санадҳои марбута, аз қабили созишномаву конвенсия ва тавсияҳои гуногунсатҳу гуногумазмунро ба тасвиб расонидааст, ки онҳо ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонҳо дар сайёра нигаронида шудаанд.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон дар самти ҷилавгирӣ ва мубориза бо савдои одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб тадбирҳои муассир меандешад.
Қиёмиддин Ҳомидов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ