image

Маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фароғатии шаҳри Бӯстон пешкаши сокинону меҳмонони Душанбе гардид

date_range01.08.2023, 09:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye487

Намоиш-фурӯши маҳсулот, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-и пойтахт доир шуд, ки дар он маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва кишоварзӣ пешниҳоди сокинони пойтахт гардид.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ соҳибкорону тоҷирон маводи озуқавориро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинони пойтахт гардонанд. Сокинон аз ин ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳори хушнудӣ карданд ва ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон, роҳбарияту намояндагони шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Синои пойтахт ширкат намуданд.

Дар шаҳри Бӯстон ба ин самт таваҷҷуҳ бештар равона шудааст, ки натиҷаи он бунёд ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ мебошад. Масъулини ин шаҳр маҳсулоти коргоҳу корхонаҳои саноатии хешро ба намоиш гузоштанд.

Дар қисмати расмӣ доир ба сулҳу суботи сартосари ибрози андеша гардид. Тавре гуфта шуд, “Ҳама гуна рушду пешравӣ танҳо дар фазои орому осуда ва сулҳу субот ба даст меояд. Бо майлу ирода ва саъю кӯшиши мардуми азизамон мо ба ин неъмати бебаҳо насиб гардидаем ва имрӯз шукр мекунем, ки мардуми шарафмандамон ваҳдату ягонагиро омили муҳимтарини суботу пешрафти кишвар шуморида, барои ҳимояву бақои давлатдории миллии худ ва тақвияти иқтидори он содиқона заҳмат мекашанд”.

Дар идома барномаи фарҳангӣ, ки иборат аз шеъру таронаҳо ва саҳнаҳо аз расму оин ва фарҳанги мардуми тоҷик буд, пешниҳоди ҳозирин гардид. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон дар мудати кутоҳ бо комёбиҳои азиме ноил гардидааст ва дар ҷаҳони муосир мақоми худро пайдо кардааст. Маҳз ингуна чорабиниҳову ҷамъомадҳо аз оромӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамон гувоҳӣ медиҳад.

Бояд гуфт, ки то имрӯз чанде аз шаҳру ноҳияҳои кишвар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахт баргузор намуданд ва ин иқдом то моҳи сентябри соли равон яъне то ҷашни истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ мегардад.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"