Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангии ноҳияи Сангвор доир шуд
Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ин навбат роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор дар Боғи Алишер Навоии шаҳри Душанбе чорабинии зебои фарҳангиро бо баргузории намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ доир намуданд.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахт дар рӯзҳои истироҳатӣ воқеан ба ҷашни шодиву сурур ва муаррифии суннату ҳунарҳои мардумии бошандагони шаҳру ноҳияҳои кишвар тадбид ёфтааст. Ҳамсони барномаи бошукуҳе, ки аз ҷониби кишоварзону ҳунармандон ва санъаткорони ноҳияи Сангвор дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Душанбе пешниҳоди сокинон гардонида шуд. Иштирокчиён дар саҳни боғ бо намоиши ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ноҳияи Сангвор, ки бо санъати баланд оро дода шуда буд, шинос шуданд. Дар ин тадбир беҳтарин армуғонҳои омодашудаи дастӣ, таъомҳои миллӣ, намунаи сару либос ва маҳсулоти кишоварзӣ ба сокинони пойтахт пешниҳод карда шуд.
Қисмати дигари боғро баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил дод, ки дар ин доира барои харидорон маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи арзон нисбат ба бозорҳои пойтхат пешниҳоди харидорон карда шуд. Ҳамчунин дар ин намоиш-фурӯшгоҳ аҳли ҳунар ва заҳматкашони ноҳия барои сокинону меҳмонони пойтахт намоиши бошукуҳ баргузор намуда, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр маҳсулоти тару тозаи кишоварзиро бо нархи дастрас пешниҳоди харидорон намуданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинии фарҳангӣ масъулин роҳандозии тадбири мазкурро имконияти хуби ғанисозии дастархони мардум бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва таъмини нарху навои муътадил дар бозорҳо уновон карданд. Гуфта шуд, ки аз чунин имконоти мусоид чанд муддат боз тамоми сокинони пойтахт баҳравар буда, шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар пойтахт бо нархи арзон ярмарка фурӯши маҳсулотро баргузор менамоянд. Санъаткорони ноҳияи Сангвор бо барномаи консертӣ ба тадбири мазкур хотима бахшида хотири иштирокчиёнро бо суруду рақсҳои ҷолиб болида намуданд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ