image

Гузариш ба пардохти ғайринақдӣ - татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар шаҳр

date_range01.08.2023, 13:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye361

Аз 1 август сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ барномаи «Пардохти ҳушманд» (Smart Pay)-ро дар фаъолияти худ истифода мебаранд. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Қарори мазкур бо мақсади таъмини пардохти ҳамаи андозҳою боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ ҷиҳати амалишавии марҳилаи якуми барномаи “Пардохти ҳушманд” (Smart Pay) амалӣ мегардад.

Ҳамзамон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе пардохти маблағи китобҳои дарсӣ аз тарафи падару модарон ба таври ғайринақдӣ амалӣ мегардад. Инчунин аз 1 август тамоми хизматрасонии муздноки тиббӣ низ ба таври ғайринақдӣ амалӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"