Фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар самти истеҳсоли либоси мактабӣ
Давоми солҳои охир талабот ба маҳсулоти корхонаҳои тавлидотии ватанӣ афзудааст. Аз ин лиҳоз истеҳсолкунандагони ватанӣ низ талош доранд, бо пешниҳоди маҳсулоти босифат ба муштариёнашон боварии онҳоро ба даст биоранд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳодияи истеҳсолии "Нассоҷии Тоҷик" яке аз корхонаҳои пешсафи шаҳри Душанбе аст, ки бо инобати фармоишҳои мизоҷон, духти сару либоси мактабиро ба роҳ мондааст. Ҳоло дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дӯхти сарулибоси мактабӣ дар ин ҷамъият вусъат дода шудааст.
Бо мақсади дастрасӣ ба либосҳои хушсифати мактабӣ бо нархи мувофиқ намояндагони МИҲД ноҳияи Сино, шуъбаи маорифи ноҳия ва падару модарону роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба фаъолияти ҶДММ ИИ "Нассоҷии Тоҷик" шинос шуданд.
Тибқи иттилоъ муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Сино бо корхонаҳои ватанӣ шартнома дошта, баҳри таъмини хонандагон бо либосҳои мактабии хушсифат ҷораҳои аввалиндараҷа меандешанд.
Тавре гуфта шуд, иттиҳодияи мазкур омода аст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳамаи ноҳияҳои пойтахтро пурра бо либоси мактабӣ таъмин намояд. Ҳамин аст, ки анбуҳи зиёди харидорон дар ярмаркаи либос ва лавозимоти ин корхона мушоҳида гардид.
Ба таъкиди истеҳсолкунандагони ватанӣ, ҳамоҳангӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт барои дӯхти либосҳои мактабӣ, дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушди корхонаҳои тавлидотии маҳаллиро таъмин мекунад. Натиҷаи ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳост, ки солҳои охир дар рафти ярмака-фурӯши сару либсои мактабӣ дар пойтахт, интихоби падару модарон дар самти харидории сарулбосҳои мактабӣ низ рӯйи маҳсулоти ватанӣ қарор мегирад.
Ҷаласаи кории МИҲД ноҳияи Сино доир ба рушди соҳаи маориф, дар МТМУ рақами 90 баргузор гардид, ки дар ҷараёни он нис масъалаи либоси мактабӣ баррасӣ шуд. Дар ин ҳамоиш роҳбарияту намояндагони МИҲД ноҳияи Сино ва аҳли маорифи ҳудуди ноҳия иштирок доштанд.
Дар идома доир ба арзишҳои фарҳангӣ, одоби муошират, қонунҳои амалкунанда, хусусан Қонуни ҶТ “Дар бораи таълиму тарбияи фарзанд”, бемамоният гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони дар пешбуда, таъмини сару либоси мактабӣ барои хонандагон сухан рафт. Ҳамчунин масъулин доир ба пешрафти соҳаи маориф дар ноҳияи Сино ва иҷрои дастуру супоришҳои аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Душанбе пешбинишуда, андешаронӣ карданд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ