image

Эълон: Идомаи намоишҳои фарҳангӣ дар боғҳо

date_range01.08.2023, 15:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye357

Ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 ба роҳ монда шудааст.

Рӯзи 5-уми август аз соати 8:00 то 11:00 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алшер Навоӣ» намоиш фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Гулистон, дар Боғи «Хайём» аз ноҳияи Варзоб ва дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамин соат намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Кӯлоб ташкил карда мешавад.

Ҳамчунин дар ин боғҳо аз соати 17:00 то 20:00 барномаҳои адабиву фарҳангии шаҳрҳои Гулистону Кӯлоб ва ноҳияи Варзоб гузаронида мешавад. Рӯзи 6-уми август бошад, аз соати 8:00 то 11:00 дар Боғи «Ирам» намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии шаҳри Истаравшан, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз ноҳияи Вахш ва дар Боғи «Куруши Кабир» аз шаҳри Роғун баргузор мешавад. Намоишҳои фарҳангӣ ва барномаҳои ҳунарии шаҳрҳои Истаравшану Роғун ва ноҳияи Вахш 6-уми август аз соати 17:00 то 20:00 дар боғҳои мазкур гузаронида мешавад.

Сокинону меҳмонони пойтахи метавонанд дар раванди ин тадбирҳо ширкат намуда, маҳсулоти кишоварзиро бо нархи дастрас харид намоянд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"