НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Ба инфрасохтори шаҳр маҳаллаҳои воридшуда мутобиқ карда мешаванд
Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матуботӣ доир шуд, ки дар он роҳбарияти ин ниҳод ва хабарнигорон иштирок намуданд. Зимни ҳисоботи шаш моҳи сипаригашта роҳбарияти кумита иттилоъ доданд, ки оид ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 “Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати гурӯҳи корӣ таҳия гардида, Фармоиши Раиси Кумита аз 10 январи соли 2023, №1 ба тасвиб расонида шудааст.
Ҳамзамон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” лоиҳаҳои ҳайати гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Низомнома, тақсимоти вазифаҳои аъзоёни гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ва меъёрҳои аз рӯйи номинатсияҳо муайян намудани ғолибони фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023-ро таҳия намуда, барои мувофиқа ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Ҳамзамон оид ба мутобиқ намудани маҳаллаҳои воридшудаи пойтахт ба инфрасохтори шаҳр аз ҷониби ин ниҳод чораҳо амалӣ шуда истодааст, изҳор дошт раиси кумита зимни нишасти матбуотӣ.
Кумита дар давраи ҳисоботӣ бо истифода аз “Маълумот оид ба арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал” дар семоҳаи якум ва нимсолаи якуми соли 2023-ро арзёбӣ намуда, маълумоти таҳлилӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд ва тибқи супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои корбарӣ ва ислоҳи камбудиҳо ирсол карда шуд. Зикр шуд, ки аз соли 2021 то имрӯз аз ҷониби Кумита 174 номи ғайримеъёрии маҳалхои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иваз карда шуданд.
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумита ворид мегарданд, дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намуда, вобаста ба иҷрои вазифаҳои низомномавӣ пайваста тадбирҳо меандешад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ