image

Нишасти матбуотӣ: ДТТ дар амалӣ гардидани 5 лоиҳаи барномаи Erasmus фаъолона иштирок доранд

date_range02.08.2023, 12:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye194

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҷавобгӯ будани он ба стандартҳои байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ чандин нақша ва чорабиниҳоро андешида онҳоро зина ба зина амалӣ намуда, мавқеи худро дар фазои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он баланд намудаааст. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ ширкат варзида, дар байни донишгоҳҳои Авру Осиё ҷойи ифтихориро ба даст овард ва ба чоргонаи донишгоҳҳои бонуфузи Авру Осиё шомил гашт. Донишгоҳи мазкур бо зиёда аз 125 корхона, ташкилот ва муассиса шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расондаанд.

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2023 иброз гардид, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 11 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ шартнома ва созишномахои тарафайн ба имзо расонидаанд. Мавриди зикр аст, ки дар соли 2023 низ донишгоҳ дар амалӣ гардидани 5 лоиҳаи барномаи Erasmus Иттиҳоди Аврупо, Лоиҳаи таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ-и Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон, лоиҳаҳои Ташкилоти Кореягии ВТИТ "Интиқоли технологияҳои коммуникатсионии глобалӣ", Маркази байналмилалии тиҷорати ИТС фаъолона иштирок доранд, ки амалишавии бештари онҳо дар солҳои оянда низ идома доранд.

Талабова Нилуфар
"ТВ Душанбе"