Дар ноҳияи Шоҳмансур озмун барои дарёфти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Бо иштироки довталабон ва намояндагони сохтору мақомоти дахлдори шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар МТМУ №102-и ноҳияи Шоҳмансур озмун барои дарёфти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Нахуст доир ба тартиби баргузории озмун ба ширкатдорон маълумот дода шуд. Гуфа шуд, ки стипендия дастгирӣ ва ҳавасмандсозии наврасону ҷавонони кишвар мебошад. Аз ин рӯ гирандагони он бояд фаъол бошанд. Ҳамасола барои дастгирӣ ва ҳавасмандсозии наврасону ҷавонон тадбирҳои зиёди маърифатию фарҳангӣ ташкил карда мешавад ва онҳо дастгирӣ меёбанд. Аз ин рӯ ҷавонон низ аз роҳандозии чунин иқдому тадбирҳо хушу қаноатманданд.
Мавриди зикр аст, ки озмун нахуст дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 400 нафар ширкат намуданд ва дар давраи ноҳиявӣ бошад 138 нафар иштирок кард, ки аз миёни онҳо танҳо 69 нафар гирандаи стпендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мешаванд. Соли дуюм аст, ки шумораи стипендия ба 69 адад расонида шудааст. Зеро дар гузашта шумори ками хонандагон имкони баранду шудани ин стипендияро доштанд.
Озмун дар синфхонаву кабинетҳои фаннии Муассисиа таҳсилоти миёнаи умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансур ташкилу баргузор шуд. Ҷойи таъкид аст, ки таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони болаёқати пойтахт ҳавасмандкунӣ баро онҳо буда, ба ин васила барои ҷалби бештари хонандагон ба донишандӯзиву илмомӯзӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ мусоидати фаъол менамояд. Дар ин баробар шумораи зиёди муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир, толору майдонҳои варзишӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баҳри ҷавонон дар шаҳр баргузор карда мешавад, ки мақсади он низ дасгирӣ ва мусоидат дар раванди татбиқи ташабусҳои ҷавонон аст.
Мавриди зикр аст, ки дар заминаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт стипендияи Раиси шаҳрии Душанбе ва стипендияи Раисони ноҳияҳои шаҳр низ ташкил шудааст ва ин ҳама дастгирӣ барои ҷавонони пойтахт мбеошад.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ