Фарҳанги истифодаи қуттиҳои партов омили тозагии гирду атроф ва муҳити тозаи экологӣ
Бо мақсади тозагии муҳити атроф дар Душанбе қуттиҳои махсус барои зарфҳои пластикӣ гузошта шудааст ва дар назар аст, ки чунин қуттиҳо дар дигар ҷойҳои серодам низ таъмин карда мешавад. Ба андешаи масъулин ин қуттиҳо махсус барои зарфҳои пластикӣ пешбинӣ шудааст. Ҳадаф аз насби чунин қуттиҳо тоза нигоҳ доштани пойтахт, ҷамъоварӣ ва коркарди дубораи зарфҳои пластикӣ ва ба ин васила, коҳиш додани таъсири манфии зарфҳои пластикӣ ба табиат мебошад.
Ба таъкиди онҳо, дар шакли зарфи пластикӣ сохтани қуттиҳо таваҷҷуҳи сокинонро ҷалб мекунад. Ин метавонад барои баланд бардоштани маърифати сокинони пойтахт мусоидат кунад. Ба гуфтаи масъулин зарфҳои пластикие, ки дар ин қуттиҳо ҷамъ мешаванд, барои коркарди дубора ба коргоҳу корхонаи марбута ройгон дода мешавад.
Истифодаи қуттиҳои партов дар шаҳри Душанбе хоса дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ барои тоза нигоҳ доштани фазои экологӣ замина мегузорад. Боғи фарҳангу фароғатии “Кӯли ҷавонон” яке аз маконҳои сайру саёҳати бештари сокинону меҳмонони пойтахт аст. Дар боғи мазкур ба ҳолати тозагӣ ва ҷамъоварии партовҳо таваҷҷуҳи бештар равона гардидааст. Тавре масъулин мегӯянд ҳар макони истироҳат бояд тозаву озода бошад. Аз ин рӯ дар ҳар гӯшаву канор ва роҳравҳои ин боғ қуттиҳои махсуси партов гузошта шудааст.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ