image

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ озмун барои гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид

date_range02.08.2023, 15:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye356

Бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №5 озмун барои дарёфти Стипендияи Президентӣ баргузор карда шуд. Ба унвонии комисияи озмун 178 нафар довталаб-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки пас аз натиҷагирӣ 56 нафари онҳо сазовори гирандаи Стипендияи Президентӣ хоҳанд гашт.

Гуфта шуд, ки дар доираи тадбирҳои ҳавасмандгардонии роҳбарияти олии мамлакат бо инобати оне, ки дар шаҳри Душанбе муассисаҳои типии нав бо шароити сатҳи байналмилалӣ бунёд карда шудааст, баҳри хонандагони лаёқатманд ва донишманд Стипендияи Президентӣ, Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва стипендияи рисони ноҳияҳо амал мекунад. Ҳамасола бо баргузор намудани озмун миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна беҳтаринҳо сазовори стипендия мегарданд. Ҷараёни баргузории озмун аз ҷониби комиссияи босалоҳият, ки аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷрибаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия таъсис дода шудааст, назорат карда шуд.

Аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз довталабони озмуни гирандаи Стипендияи Президентӣ аз фанни забон санҷиши хаттӣ, аз фанни адабиёт эссе ва ё иншои хурд ва аз дигар фанҳои таълимӣ санҷишҳо дар намуди тест гирифта шуд.

Маврид ба зикр аст, ки довталабони озмун аз рӯи 12 фанни таълимӣ миёни ҳам сабқат намуда, наздик ба 60 нафар хонандагон аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ гирандаи Стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2022-2023 хоҳанд гашт.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"