image

Дар КВД «Шаҳри Ҳушманд» вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷаласа доир шуд

date_range02.08.2023, 15:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye423

Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри Ҳушманд-(Смарт ситӣ)», яке аз муассисаҳои тозатаъсиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, он барои татбиқи ҳукумати электронӣ лоиҳаҳои судмандро дар шаҳр амалӣ менамояд.

Дар маҷлиси навбатии ин корхона роҳбарияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, намояндаи итттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, роҳбарияти корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри Ҳушманд» ва кормандони он иштирок намуданд. Масъалаи таъсиси намояндагии маҳаллии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри Ҳушманд» ва Интихоби Раис ва муовинони филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар корхона аз ҷумлаи мавзӯҳои баррасишудаи кори ҳаомиш буд.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе зимни баромад худ роҷеъ ба дастгириҳои рӯзафзӯни Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати дастгирии ҷавонон сухан гуфт. Ширкатдорони дигари чорабинӣ оид ба нақши ҷавонон дар сиёсати имрӯза ва дастгириҳои рӯзафзӯни ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри ҷомеа сухан гуфт.

Дар ҷараёни чорабинӣ директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри Ҳушманд-(Смарт ситӣ)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод ба ҳайси Раиси намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар корхонаи мазкур интихоб гардид.

Дар охир аз ҷониби филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои саҳми муносиб гузоштан дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри Ҳушманд-(Смарт ситӣ)»-сипоснома тақдим гардид. Ҷойи таъкид аст, ки бо фаъолияти назаррас минбаъд низ кормандони ин корхонаи шаҳрӣ барои рушди ҳукумати электронӣ дар ҳудуди пойтахт саҳми муносиби худро мегузоранд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"