Нишасти хабарии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Зимни нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 8 миллиарду 14 миллиону 600 ҳазор сомонӣ истифода шудааст. Дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 4 140 ҷой, дармонгоҳ барои 120 кат ва муассисаҳои томактабӣ барои 520 ҷой ба истифода дода шудаанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Айни замон 65 маркази шаҳру навоҳии мамлакат пурра бо Нақшаҳои генералӣ таъмин мебошанд.
Бо мақсади иҷрои дастуру тавсияҳои Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ айни замон лоиҳаҳои муфассали банақшагирии 19 минтақаҳои алоҳидаи шаҳри Душанбе аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ пас аз такмилдиҳӣ ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД шаҳри Душанбе дар шакли чопӣ ва электронӣ ирсол гардида, тибқи тартиби амалкунанда пас аз баррасӣ дар Шӯрои шаҳрсозии Кумита ба МИҲД шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуданд.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ