image

Тақвияти фаъолияти корхонаҳои дӯзандагӣ дар самти истеҳсоли либоси мактабӣ

date_range03.08.2023, 10:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye362

Таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ба рушди соҳаи саноати сабук дар мамлакат марбут аст. Ҳамин аст, ки давоми солҳои охир бо фаъолияти коргоҳҳои дӯзандагӣ дар ҳудуди кишвар ва дар заминаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ либоси мактабӣ дар дохил истеҳсол гардида, воридоти он аз хориҷ батадриҷ коҳиш меёбад. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сару либоси мактабиро аз корхонаҳои дӯзандагии ҳудуди ноҳия харид менамоянд.

Коргоҳи тозатаъсиси дӯзандагии «Лола» имсол тасмим гирифтааст, ки бо дӯхти либоси мактабӣ дастрасии сокинонро ба либоси мактабӣ осон намояд. Бо ширкати масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҷалби масъулини соҳа, инчунин падару модарон дар ин корхона машварт доир шуд. Дар ин корхона баҳри ҷавондухатрону бонувони хонашин шарти кор фароҳам гардида, айни замон дар он зиёда аз 30 нафар бонувони хонашин бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Дар интихоби либоси мактабӣ волидон озоданд, метавонанд дилхоҳ навъи ин маҳсулотро харид кунанд. Тавсия ин аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд аз истеҳсоли коргоҳҳои ватанӣ харидорӣ намояд. Зеро ба гуфтаи масъулин сифати либосҳои мактабӣ, ки дар корхонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе истеҳсол мегардад, ба талаботи стандартҳои мавҷуда ҷавобгӯ будааст.

Фурӯши либоси мактабӣ дар нуқтаҳои савдо ва корхонаҳои истеҳсолӣ идома меёбад ва хонандагон метавонанд маҳсулоти дилхоҳи худро интихоб ва харид намоянд. Ҳамзамон дар шаҳр дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе ярмарка ташкил мегардад, ки бо иштирок дар он низ сокинон метавонанд либоси мактабӣ ва лавозимоти хонишро дастрас намоянд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"