image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар шаш моҳи соли 2023

date_range03.08.2023, 10:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye350

Дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 бо мақсади назорати риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва қонунгузории соҳа дар асоси нақшаи санҷиши субъектҳои хоҷагидор нозирони давлатии раёсат ва бахшу шуъбаҳои зертобеъ дар қаламрави ҷумҳурӣ дар 916 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ санҷиш ва назорати давлатии риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникиро амалӣ намудаанд ва дар 178 ҳолат бо сабаби риоя нагардидани талаботи муқарраргардида нисбат ба субъектҳои истеҳсолӣ ба маблағи умумии 95594 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд. Ин нукта дар нишасти хабарии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба миқдори 460 808 кг маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта шудааст, ки як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ ва қисми дигари он аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷомаашон ба талабот ҷавобгӯй набуданд.

Дар ҷараёни нишасти хабари доир ба дигар самтҳои фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон маълумот дода шуд.

Нилуфар Талабова
"ТВ Душанбе"