Нахустнамоиши филмҳои кӯтоҳи «Сарчашма», «Захм» ва «Се хоҳарон» дар нимсолаи аввали соли 2023
Дар нимсолаи аввали соли 2023 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» фаъолияти худро ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба анҷом расондааст.
Синамогарони тоҷик имрӯзҳо дар кишварҳои хориҷ низ фаъолият намуда, бо офаридани филмҳои нав ба нав дар миқёси ҷаҳонӣ фарҳанги кинои тоҷикро густариш мебахшанд.
Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» зимни натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2023 иброз доштанд, ки дар ин давра нахустнамоиши филми кӯтоҳ бо номи «Сарчашма» «Захм» ва «Се хоҳарон» манзури тамошобинон гардонда шуд. Ҳамчунин дар толори синамогарони ҷавон маротибаи дуюм Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ бо иштироки коршиносон, коргардонҳо, филмноманависон ва дигар алоқамандони синамо дар сатҳи зарурӣ доир гардида, аз 18 лоиҳаҳои пешниҳодшуда, 7-тои он рӯнамоӣ ва муаррифӣ карда шуд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳо бо мақсади ташвиқи соҳаи кино дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Бадахшон таҳти унвони «Тоҷикистони ягона Бадахшон нигини он» филмҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои сокинон ва алоқамандони синамо намоиш дода шуд. Имрӯзҳо коркардон ва аҳли синамои тоҷик бо кӯшишу офаридани филмҳои пурмазмуни хеш дар синамоҷашнвораҳои кишварҳои пешрафта сазовори ҷоизаву мукофотҳо мегарданд, ки ин аз рушд ва тарақи кардани синамои тоҷик далолат мекунад.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ