image

Дар ноҳияи Сино даври ноҳиявии озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

date_range03.08.2023, 15:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye345

Бо иштироки намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар Гимназияи хусусуии «Кафолат» озмун барои дарёфти Стипендияи Президентӣ баргузор карда шуд.

Ба унвонии масъулин 420 нафар довталаб-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Сино ҳуҷҷат супоридаанд, ки пас аз натиҷагирӣ 102 нафари онҳо сазовори гирандаи Стипендияи Президентӣ хоҳанд гашт. Бо мақсади ҳавасмандкунии хонандагони болаёқат ва ба ин васила ҷалби наврасон ба корҳои ҷамъиятӣ ва беруназсинӣӣ дар ҷумҳурӣ як қатор стипендияҳо амал мекунад, ки Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи онҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳамасола даҳҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе барои гирифтани ин стипендия талош намуда, гирандаи он мегарданд. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе наздики 420 нафар хонанда барои иштирок дар озмуни гирандаи стипендияи президентӣ ба қайд гирифта шудаанд. Хонандагони фаъол вобаста ба шартҳои озмун дар чорабинӣ иштирок намуданд. Даври ноҳиявии озмун дар 2 синфхона гузаронида шуд, то ки шаффофияти он таъмин бошад.

Ҷараёни баргузории озмун аз ҷониби комиссияи босалоҳият, ки аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷрибаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия таъсис дода шудааст, назорат карда мешуд. Ҳамин аст, ки хонандагон аз раванди баргузории озмун барои барандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо мо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"