image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар нимсолаи аввали соли 2023

date_range03.08.2023, 15:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye418

Давоми нимсолаи аввали соли 2023 аз маблағҳои Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот 121 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ ба камбизоатон расонида шудааст. Ин иқдом ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, роҳандозӣ гардидааст. Ин ва дигар маълумот зимни нишасти хабарии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот бо рӯзноманигорон баён шуданд.

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муътадили бозорҳои худро ба роҳ монда, фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳои мавриди ниёзи аввал ҳамарӯза дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар бозорҳои соҳа амалӣ шуда истодааст. Шумораи бозорҳои соҳа 63 адад буда, нуқтаи фурӯш дар онҳо 18042 ададро ташкил медиҳад, - иттилоъ доданд роҳбарияти Иттифоқи Тоҷикматлубот зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи худ.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки “Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-марти соли 2023, «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024», қарор ва нақшаи Раёсат қабул гардида, ҳамаи анбору сардхонаҳо то оғози захираи маҳсулоти кишоварзӣ таъмир ва омода карда шуда, бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда мешаванд”. Иттилоъ дода шуд, ки “Дар соҳаи кооператсияи матлуботи мамлакат барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ 41 адад анбор дар масоҳати 38041 метри мураббаъ ва 3 адад сардхона барои нигаҳдории 2100 тонна маҳсулот фаъолият менамоянд.

Дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои муайяншуда ва ҷойҳои таъйингардида дар арафаи Соли нави мелодии 2023, Наврӯзи байналмилалӣ, моҳи Рамазон ва арафаи иди Қурбон ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ташкил карда шуд. Ғайр аз ин, ташкилоту хоҷагиҳои соҳа дар ярмаркаҳои фурӯши молу маҳсулоти ниёзи аввалия, ки дар маркази шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллаҳои калони аҳолинишин ташкил гардида буд, иштирок карда, маҳсулоти заруриро пешниҳоди харидорон намудаанд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"