Ободии пойтахт аз ободии хонаву манзили зист оғоз мегардад
Бо мақсади таҷлили сазовор аз ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ бомаром идома дорад.
Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми биноҳои солҳои қабл сохташуда, аз нав рангубор гардида истодаанд. Рангубори бинову иншооти пойтахти мамлакат ба симои зебову хуррами Душанбешаҳр тозагии дигарро зам намуда, онро ба яке аз шаҳрҳои сарсбазу хуррам, ободу зебо ва диданӣ табдил медиҳад. Чунин корҳои рангуборнамоӣ дар бинову иншооти гуногуни пойтахт низ идома дошта, то ҷашни 32-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ карда мешаванд.
Ба иттилои масъулин пас аз татбиқи пурраи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 32 солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои пойтахт боз ҳам зебову назаррабо мегардад. Ҳамин аст, ки ҳоло корҳои бунёдиву таъмирӣ дар гӯшаву канори ноҳия тақвият ёфтааст.
Дар маҷмуъ корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе давоми солҳои охир вусъати тоза касб намуда, дар ин замина қисмате аз биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор гурдидаанд, ки ин амал барои зебоии шаҳр мусоидат намудааст.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ