image

Баргузории нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range04.08.2023, 11:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye392

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту идораҳо 197 маводи ташкилоту муассисаҳои гуногун, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои истеҳсолкунандаи рекламаро мавриди баррасӣ қарор додааст, гуфта шуд зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон дар доираи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи беруна ва ороиши шаҳри Душанбе», намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар хадамоту мақомоти ҳокимияти давлатӣ вобаста ба назорати матни шиору овезаҳо, навиштаҷоти ғалату бегона ва номгузориҳои ғайримеъёрии марказҳои хизматрасонию нуқтаҳои савдо аз ҷониби гурӯҳи корӣ назорати санҷишӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон ҷиҳати ислоҳи ин камбудиҳо дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи тадбирҳо таҳия ва тасдиқ шуд, ки тибқи он корҳо дар ин самт амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рукни асосии давлату миллат пайваста кӯшиш шуда, назорат дар ин самт ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи аввал дар давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи кор бо Интернет ва сомонаҳо, яъне браузери нав (ҷустуҷӯгари нав) – Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ шуд, ки он дар шабакаи Интернет ҷой дода шудаву фаъол мебошад.

Нилуфар Талабова
"ТВ Душанбе"