image

Ҷамъбасти озмуни гранти Президентӣ. 80 нафар зан соҳиби гранти Президентӣ шуданд

date_range04.08.2023, 14:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye353

Ҳамасола барои соҳибкорзанон грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Ин имкон фароҳам овард, то бонувони тоҷик дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, парвариши чорво, паранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ ба мушкилии молиявӣ мувоҷеҳ нагашта, тиҷорати худро дар ин самтҳо амалӣ намоянд. Имсол низ озмун барои дарёфти гранти Президентӣ роҳандозӣ гардид, ки 80 нафар занон соҳиби он гаштанд.

Дар маросими дипломсупорӣ ба ғолибони озмун, ки дар толори Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оила, аъзоёни комиссияи грантӣ аз вазорату идораҳои дахлдор иштирок карда ба ғолибон фаъолияти соҳибкорӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкориро омӯзониданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, имсол аз шаҳри Душанбе 7 нафар, аз вилояти Суғд 18 нафар, Рашт 8 нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 9 нафар, Хатлон 28 нафар ва аз ВМКБ 10 нафар ғолиби ин озмун гашта соҳиби гранти Президентӣ шуданд. Ҳаҷми умумии маблағи грант 2 500 млн сомонӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ аз 28 январи соли 2021 “Дар бораи грантҳои Президенти ҶТ ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар соли 2021-2025” ҳамасола озмун баҳри дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, ки дар он зиёда аз 300 нафар довталабон иштирок намуда, 80 нафари он аз рӯи лоиҳаҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ, чакандуӯзӣ, зардӯзӣ, қаннодӣ, таъсиси коргоҳи коркарди писта, табақтарошӣ, замбӯрпарварӣ, бофандагӣ, қолинбофии абрешимии дастӣ, коркарди пашм, бофандагӣ ва кулолгарӣ ғолиби озмуни мазкур мегарданд.

Дар ҳамоиши навбатӣ барандагон бо дипломи ғолиби озмуни гранти Президентӣ сарфароз гардонида шуданд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"