image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

date_range04.08.2023, 15:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye393

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бисёрсоҳа табдил ёфта, дар фазои таҳсилотии кишвар ва ҷаҳон мақоми хосаро касб намуда истодааст.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки давоми шашмоҳи аввали соли 2023 омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ҷиҳати саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, бобати дар сатҳи баланд иҷро намудани онҳо аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуданд.

Таъсиси литсей, коллеҷ ва филиалҳо дар сохтори ташкилӣ-идоракунии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон имкон фароҳам сохт, ки имрӯз муассиса мутахассисонро дар чорчӯбаи талаботи таҳсилоти муттасил ва бисёрзинагӣ, яъне таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва баъдидипломӣ омода намояд.

Дар ин давра ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки зимни ироаи Паём аз 23-юми декабри соли 2022 баён доштанд, 187 нафар ҷавонон, аз ҷумла 90 нафар бонувон аз рӯйи 9 равия: роҳбалад, роҳбалади кӯҳнавардӣ, роҳбалади фарҳангӣ-таърихӣ, фарҳанги меҳмондорӣ, фарҳанги дастархондорӣ, маҳорати педагогӣ, курсҳои қаннодӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ курсҳои кутоҳмуддати омӯзиширо гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Яке аз дастовардҳои муҳим ин ба роҳ мондани табодули академии 26 нафар донишҷӯ ба Донишгоҳи миллии Авруосиё ва Донишгоҳи давлатии фарҳанги Қазон мебошад. Комёбии дигаре, ки дар доираи сафари хориҷии намояндагони Донишгоҳ ба Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ба даст омад, дар баробари роҳандозии ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи фаъолият, ҳамзамон омодагии муассисаи мазкур дар самти таъсиси Маркази забони русӣ дар Донишгоҳ мебошад. Дар литсейҳои касбии Донишгоҳ 32 гурӯҳи таълимӣ аз рӯйи 18 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар соли таҳсили 2022 – 2023 дар литсейи Донишгоҳ 6 нафар хонандагон гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 нафар гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе буданд. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар гузашта агар мутахассисонро аз рӯйи 27 ихтисос омода мекард, дар айни замон шумораи ихтисосҳо ба 77 расонида шуд. Таъсиси шуъбаи рӯзноманигории байналмилалӣ дар соли оянда дурнамои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба шумор меравад.

Умеди Саъдулло
"ТВ Душанбе"