image

Дар Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ» намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии шаҳри Гулистон баргузор гардид

date_range07.08.2023, 11:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye296

Дар Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар ин рӯз ҳунармандон, кишоварзон, косибон, ва дигар намояндагони аҳли ҷамоатчигии шаҳри Гулистон пешниҳоди анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардуми ва корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ тавонистанд талаботи сокинону харидоронро қонеъ созанд. Дар тадбири мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтаии шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур ва шаҳри Гулистон иштирок карда, барои ташкили чунин тадбири идона ба бошандагони ин минтақа изҳори сипос карданд.

Гӯшаи ҳунарҳои мардумиву таомҳои миллиро асосан занони шаҳри Гулистон, коргоҳҳои қаннодӣ ва нигоҳдорандагони ҳунарҳои мардумӣ оро доданд. Тибқи нақшаи баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, ки аз тарафи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ин навбат барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе кишоварзони шаҳри Гулистон маҳсулоти кишоварзиро бо нархи арзон ва сифати хуб пешниҳод намуданд.

Аз ҷумла, 5 тонна орд бо нархи 200 сомонӣ барои як халтаи 50 килоӣ, 2 тонна пиёз бо нархи 1,5 сомонӣ барои 1 кг, 2 тонна картошка бо нархи 3 сомонӣ барои 1 кг, 2 тонна сабзӣ бо нархи 2 сомонӣ барои 1 кг, 300 кг гӯшти гӯсфанд бо нархи 55 сомонӣ барои 1 кг, 300 кг гӯшти гов бо нархи 55 сомонӣ барои 1 кг, 2 тонна гӯшти мурғ бо нархи 20 сомонӣ барои 1 кг, 5 ҳазор дона тухм бо нархи 66 дирам барои 1 дона, 300 дона тарбуз ва 300 дона харбуза бо нархи 10 сомонӣ барои 1 дона ба савдо бароварда шуданд.

Анҷомбахши намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии шаҳри Гулистон дар шаҳри Душанбе барномаи бошукуҳи фарҳангӣ буд, ки бегоҳи рӯз дар Боғи ба номи Низомиддин Алишер Навоӣ доир гардид. Ин қисмати чорабинӣ бо баромади раиси шаҳри Гулистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе идома карда, масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани чорабинии имрӯза изҳори сипос намуданд. Барномаи мукаммали фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони шаҳри Гулистон ҷолибу диданбоб баргузор гардид.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"