Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид
Бо мақсади иҷрои нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2023 бо иштироки доираи васеи хабарнигорон аз рӯзномаву маҷалла ва радиову телевизионҳои кишвар дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Ректори ин муассисаи олии таълимӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода аз фаъолияти Донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳисобот дода, доир ба дастовардҳои илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалии таълимгоҳ ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мутахассисонро аз рӯйи 11 забон ва 31 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 5 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисос дар зинаи докторантура (PhD) бо касбҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд.Ректор изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ баҳри татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар яке аз дастовардҳои назаррас таъсиси 21 ихтисоси нави ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва беруна ҷавобгӯ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура (PhD) мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 12 нафар омӯзгорро ҷиҳати аз такмили ихтисос ва 15 нафар донишҷӯро барои идомаи таҳсил ба хориҷи мамлакат равона намуд. Аз 12 нафар омӯзгорон 3 нафар ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва 9 нафар ба Федератсияи Русия ҷиҳати аз такмили ихтисос гузаштан фиристода шуданд. Ҳамзамон 15 нафар донишҷӯ ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла 2 нафар ба Кореяи Ҷанубӣ, 4 нафар ба Ҷопон, 1 кас ба Ҳиндустон ва 8 нафар ба Федератсияи Русия ҷалб гардиданд. Инчунин дар донишгоҳ 3 нафар омӯзгорони хориҷӣ, аз ҷумла як нафар шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ, як нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва як нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият намуда истодаанд.
Бояд гуфт, ки дар донишгоҳ 586 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Русия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин 10 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси шунавандаи забони тоҷикӣ дар назди кафедраҳо таҳсил менамоянд.Ҳоло шумораи созишномаҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат ба 59 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта 7 ҳолат зиёд мебошад.
Баъдан, рӯзноманигорон саволу пешниҳодот дар хусуси омода намудани тарҷумонҳои варзидаи касбӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, дурнамои фаъолияти муассиса ва дигар масоили илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ пешниҳод карда, посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ