image

Раёсати кор бо занон ва оила: Бо сокинони ноҳияи Шоҳмансур мулоқот доир гашт

date_range08.08.2023, 11:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye386

Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои банди 24 нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 июли соли 2021, №434 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” дар маҳаллаҳои Улуғбек, Гостелло ва Яҳё Авзалӣ семинарҳои маърифатӣ-хӯқуқиро ташкил ва баргузор намуд.

Мақсад аз баргузории вохӯриҳои мазкур тарғиби қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», солимгардонии фазои маънавии оилаҳо, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, никоҳи хешутаборӣ, ҳифзи ифтихор ба тозагиву муқаддасоти оилавӣ ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ миёни аҳолӣ мебошад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"